Маҳкум шудани ду нафар марзбонон ба иттиҳоми нашъаҷаллобӣ

Ҳайати мушовараи Суди Олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба анҷом расонид. Ҳарду ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, суди ҳарбии гарнизони Хатлон хизматчиёни […]

ASIA-Plus


Ҳайати мушовараи Суди Олии Тоҷикистон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба анҷом расонид. Ҳарду ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, суди ҳарбии гарнизони Хатлон хизматчиёни ҳарбӣ – лейтенант Наҷибулло Носиров ва прпорик Диловар Даматови 22-соларо ро барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200 қисми 4 банди «д», яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, ки аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд, гунаҳкор донист ва нисбати Даматов Диловар ва Носиров Наҷибулло ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 14-солӣ, бо мусодираи молу мулк, бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки Даматов Диловар ва Носиров Наҷибулло 31-уми январи соли равон барои нигаҳдорӣ ва интиқоли миқдори махсусан калони моддаи нашъадори навъи ҳашиш аз  ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.