Пешниҳоди президент оид ба 2,5 баробар афзудани маош

Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба ҳама гуна навъи санҷишу тафтишот ба фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба муҳлати се сол моратория эълон карда шавад. «Истеҳсолкунандагони ватаниро аз санҷишҳои беасосе, ки ба рушди истеҳсолот садд мегузоранд», озод кардан лозим аст», – гуфт вай. Сарвари давлат ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба […]

ASIA-Plus


Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба ҳама гуна навъи санҷишу тафтишот ба фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба муҳлати се сол моратория эълон карда шавад.

«Истеҳсолкунандагони ватаниро аз санҷишҳои беасосе, ки ба рушди истеҳсолот садд мегузоранд», озод кардан лозим аст», – гуфт вай.

Сарвари давлат ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба кор дар бахши бонкдориро низ таъкид сохт. Ба гуфтаи ӯ, аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар сохтори ВКД Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ амал мекард, ки ба интиқоли маблағҳо ба ватан тавассути бонкҳо монеа эҷод мекард.

«Вақте ман шахсан дар бораи барҳам додани ин раёсат қарор қабул кардам, вазъ хеле беҳтар гардида, агар он замон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути бонк ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. $-ро ташкил медод, пас ҳозир он ба қариб 4 млрд. $ баробар шудааст», – гуфт президент.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки вазифаи асосии давлат – ноил гардидан ба сатҳи баланди некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аст. Дар робита ба ин сарвари давлат пешниҳод намуд, ки сатҳи музди меҳнати ҳадди ақалл 2,5 маротиба афзуда шавад. Айни замон ҳадди ақалли музди меҳнат дар кишвар 80 сомонӣ (ҳудуди 17 $) аст. Президенти Тоҷикистон ваъда кард, ки аз моҳи сентябр музди меҳнати ҳадди ақалл дар Тоҷикистон то 200 сомонӣ афзуда хоҳад шуд.

Дар мавриди масъалаи камбизоатии аҳолӣ президент изҳор кард, ки агар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 81%-ро ташкил медод, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 42 % поин рафтааст. «Дар ин давра даромади аҳолӣ аз 1 млрд. то 16,2 млрд. сомонӣ зиёд шуд», – илова кард сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.