Тағйири номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон  оид ба тағйир додани номи шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд ба тасвиб расид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара ба Нурафшон, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳоти Қистакӯз- Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор, шаҳри Табошар- Истиқлол, дар ноҳияи […]

ASIA-Plus


Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон  оид ба тағйир додани номи шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара ба Нурафшон, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳоти Қистакӯз- Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор, шаҳри Табошар- Истиқлол, дар ноҳияи Ғончӣ-  номи  деҳаҳои Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин, Мӯрияк ба Офтобрӯ, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, Коммунизм ба Зарҳалол, Фрунзе ба Сабристони шаҳри Истаравшан, деҳоти Ҷарбулоқ ба Ориён ва Қамишқӯрғон ба Меҳробод дар  ноҳияи Ашт, дар шаҳри Конибодом деҳаҳои Қайроғоч ба Ободон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, Янги Кӯчкакӣ ба Сомониён номгузорӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Панҷакент деҳаҳои Ғарибак – Озодагон, Каттақишлоқ- Хуррамобод, Советобод ба Рукнобод, Зарангбош ба Зарфишон, дар ноҳияи Шаҳристон деҳаҳои Холдорқипчоқ-  Ободӣ, Қӯшқӯрғон- Суғдиён, Янгиқурғон- Навкент, Қарибчӣ-Гулистон, Тавоқбулоқ- Чашма, Куллиқӯтан – Ҳисор, Бӯраген- Фирдавсӣ, Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма- Ваҳдат, Ишқилӣ – Бӯстон, Кенгкӯл- Истиқлол ва Ӯроқлӣ ба Темурмалик тағйири ном карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.