Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт

Date:


Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз маркази матуботи ширкати «


Tajik




Air


»

 

хабар доданд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар толор барои мусофирон ҳама гуна шароитҳо, аз ҷумла нуктаи бақайдгирӣ, огоҳкунӣ, қаҳвахона, ҷойҳои нишасту истироҳат ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.



Ғайр аз ин, дар толори нав нуқтаи фурӯши чиптаҳо ва пардохти маблағи вазни бағочи аз меъёр зиёд низ фаъолият мекунад. Тибқи маълумоти маркази матбуоти фурудгоҳ, ба ҷойи дигар кӯчидани толори интизории мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳ марбут аст ва макони воқеъшавии толори кӯҳна ба маҳалли сохтмони терминали нав ворид мешавад. «Аз оғози соли нав сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...