Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова аз Қазоқистон боздид намуда, бо фаъолияти намояндагии ширкати ҷопонии Japan Tobacco International (JTI) шинос шуд.
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, сигаретҳои «Winston», «Mild seven», «Sobranie», «Camel», «Glamour» тамғаҳои асосии бренди ширкати мазкур аст. Зикр гардид, ки ширкати мазкур ба рушди бахши тамокупарварии Тоҷикистон сармоягузорӣ карданист.
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, айни замон бахши истеҳсоли маснӯоти тамоку дар Тоҷикистон тамоили пастравӣ дошта, майли ширкати ҷопонӣ ба сармоягузорӣ дар ин самт метавонад соҳаро эҳё ва тамғаи тамокуи тоҷикро барқарор намояд.
Дар мулоқоти Л.Кислякова бо мақомоти раҳбарии ширкат масоили муҳими марбут ба вазъи бозори истеҳсоли тамоку дар Тоҷикистон ва дар он ҷой доштани маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки бо мақомоти андоз, «Тоҷикстандарт» ва дигар идораҳои марбут баргузор кардани як қатор корҳо зарур аст, то ки соҳибкорони машғул ба фурӯши тамоку аз фарқ кардани маснӯоти қочоқ ва қалбакӣ ва ҷазои пешбинишуда барои он огаҳ карда шаванд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар хусуси ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф овардани мақомоти раҳбарии ширкати Japan Tobacco International (JTI) ба мувофиқа расиданд.