Боздиди фармондеҳи қушӯнҳои нақлиётии ИМА аз дидбонгоҳи «Панҷи Поён»

Генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷи поён” дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздид намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти қонеъгардонии тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад. Дар Панҷи поён генерал Фрейзер бо Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шералӣ […]

ASIA-Plus


Генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷи поён” дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздид намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти қонеъгардонии тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад.

Дар Панҷи поён генерал Фрейзер бо Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо мулоқот доир намуд ва аз дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷи поён”, ки бунёдаш аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудааст, боздид кард. Генерал Фрейзер шахсан ба генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Айни ҳол сафари Генерал Фрейзер ба якчанд давлати Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.