Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар истифодаи нерӯгоҳҳои офтобӣ

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Хилел Нюман баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии электростансияҳои офтобӣ бо […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Хилел Нюман баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии электростансияҳои офтобӣ бо истифода аз таҷрибаи бои кишвари Исроил дар Ҷумҳурӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.

 Ҳамзамон, масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ, саноати сабук (дўзандагию, ресандагӣ), меваю сабазавот, коркарди пашму пўст, коркарди маҳсулотҳои шири, соҳаи ҷустуҷўи геологӣ ва истихроҷи нафту газ баррасӣ карда шуданд.

Ибрози назар карда шуд, ки Ҷаноби Хилел Нюман Ҷониби Исроил, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва сармоягузорони ин кишварро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда шинос хоҳад кард.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.