Мусодираи ҳудуди 22 кило ҳашиш дар ҷануби ҷумҳурӣ

Кормандони милиса аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 22 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ду нафар сокинони 23 ва 24-солаи маҳаллӣ боздошт гарда, зимни кофтукови шахсии онҳо аз яке 15,5 ва аз […]

ASIA-Plus


Кормандони милиса аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 22 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ду нафар сокинони 23 ва 24-солаи маҳаллӣ боздошт гарда, зимни кофтукови шахсии онҳо аз яке 15,5 ва аз дигарӣ 6,4 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 22 килоро ташкил додааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.