Коршинос: Иштирокчиёни ҷангҳои шаҳрвандиро набояд мудом афв намуд

– Изҳороти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавриди афв қарор додани размандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳороти нав набуда, дар ин хусус чандин маротиба рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ изҳори назар карда буд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Нуралӣ Давлат. […]

Аваз Юлдошев


– Изҳороти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавриди афв қарор додани размандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳороти нав набуда, дар ин хусус чандин маротиба рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ изҳори назар карда буд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Нуралӣ Давлат.

Ба андешаи ӯ, ҳукумат бояд ба чӣ гуноҳ маҳкум шудани ҷонибдори Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ё Фронти халқиро ба инобат гирад. «Агар имрӯз шахс барои ҷангидан дар солҳои 1992-1997 дар сафи мухолифин ё Фронти халқӣ адои ҷазо мекарда бошад, ӯро қайҳо озод кардан лозим аст. Вале агар ӯ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин пас аз ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Тоҷикистон маҳкум шуда бошаду, ҳанӯз ҳам ба тартиботу амният хатар эҷод карда тавонад, пас ӯ ба афв намеразад», – мегӯяд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотиррасон намуд, ки аксари ҷонибдорони нерӯҳои мухолифин ва Фронта халқӣ, ки имрӯз дар маҳбасанд, пас аз ба сулҳу созиш расидан дар Тоҷикистон ба ҷиноят даст задаанд. «Бисёре аз онҳо бо аслиҳа дар даст ва соҳиб шудан ба мансабҳои баланди давлатӣ ба беҷазо мондани худ бовар карданд. Инсонро набояд ба таври беохир бахшиду афв кард», – афзуд Н. Давлат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.