Таъсиси бонки сармоягузорӣ баҳри дастгирии кишоварзон

Зимни муаррифии барномаи USAID таҳти унвони «Озуқа ба хотири оянда» дар Душанбе муовини нахуствазири ҷӯмҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки ҳукумат ният дорад, ки маблағгузорӣ ба бахши кишоварзиро афзун намояд. «Имрӯз бонкҳои тиҷоратӣ ба фермерон бо фоизҳои хеле зиёд қарз пешниҳод мекунанд, – гуфт вай. – Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем, ки як бонки […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни муаррифии барномаи USAID таҳти унвони «Озуқа ба хотири оянда» дар Душанбе муовини нахуствазири ҷӯмҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки ҳукумат ният дорад, ки маблағгузорӣ ба бахши кишоварзиро афзун намояд.

«Имрӯз бонкҳои тиҷоратӣ ба фермерон бо фоизҳои хеле зиёд қарз пешниҳод мекунанд, – гуфт вай. – Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем, ки як бонки сармоягузорӣ таъсис бидиҳем, то ки танҳо ба маблағгузории бахши кишоварзӣ машғул бошад».

Ба гуфтаи М.Алимардон, айни замон дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ислоҳот идома дошта, ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шарикон оид ба рушд, аз ҷумла USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ноил гардад ва кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намояд.

«Имрӯз деҳқони тоҷик дилхоҳ зироатро кишт ва ба киву кай фурӯхтанашро худаш муайян месозад. Моро зарур аст, ки ӯро бо маълумот ва зербинои зарурии тиҷоратӣ таъмин намоем», – иброз дошт вай.

Муовини нахуствазир ҳамчунин гуфт, заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ҳамагӣ 7%-ро ташкил дода, 70%-и аҳолӣ дар деҳот ба сар мебарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.