Хатлон: Аз зарбаи барқ як милиса ҳалок ва ду нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд

Корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, майори милиса Кенҷа Нуруллоев аз зарбаи ноқили барқ ҳалок шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, субҳи рӯзи 8-уми май ҳангоми сафороии умумии кормандони раёсат ба ҳавлии он барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ як крани борбардор ворид мешавад. «Кран тасодуфан ба сими барқ расида, он […]

ASIA-Plus


Корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, майори милиса Кенҷа Нуруллоев аз зарбаи ноқили барқ ҳалок шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, субҳи рӯзи 8-уми май ҳангоми сафороии умумии кормандони раёсат ба ҳавлии он барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ як крани борбардор ворид мешавад.

«Кран тасодуфан ба сими барқ расида, он канда мешавад ва ба болои кормандони милиса меафтад. Дар натиҷа аз зарбаи барқ майори милиса Кенҷа Нуруллоев ба ҳалокат расида, боз ду нафар кормандони дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мешаванд», – гуфт манбаъ.

Тибқи баъзе маълумот, вазъи саломатии кормандони ба бемористон бистаришуда вазнин арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 7-уми май зимни баргузории корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои барқӣ корманди филиали ширкати «Барқи тоҷик» дар Конибодом Раҳимҷон Мардонов низ ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.