Сафари аввалини расмии Ҳисоботчии махсуси Созмони Милали Муттаҳид Хуан И. Мендез ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-18-уми май баргузор мегардад, ки мақсад аз он баҳо додан ба чораҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории худ оид ба манъи шиканҷа ба стандартҳои байналхалқӣ ва баррасии вазъияти ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо дар мамлакат мебошад.
“Ман қадамҳои аввалин ва чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба манъи ҷазои ҷисмонии кӯдакон дидашуда, ҷорӣ намудани системаи алоҳида оид ба ҳуқуқи наврасон ва эълон намудани мораторий ба ҳукми қатлро хуш мепазирам,” гуфт коршиноси озоди Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои бурдани мониторинг ва додани ҳисобот оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайрибашарӣ ва ё ҷазо.
“Бо вуҷуди ин, дар қонунгузорӣ, сиёсат ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд ва ман тайёр ҳастам дар ин масъалаҳо ба мақомоти давлатӣ кӯмак расонам,” фармуд ҷаноби Мендез, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таклифи Ҳукумати кишвар ташриф оварда истодааст. “Хусусан, ман мехоҳам бинам, ки чи гуна мақомоти кишвар ӯҳдадориҳои байналхалқии худро ҷиҳати кӯмаки самаранок ба ҷабрдидагони шиканҷа ва тафтиш намудан, ба ҷавобгарӣ кашидан ва ҷазо додани гуноҳкорони ҳар як ҳолати алоҳидаи шиканҷа амалӣ намуда истодааст.”
Дар доираи сафари нӯҳрӯзаи худ коршиноси озоди СММ бо намояндагони Ҳукумат, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналхалқӣ хоҳад вохӯрд. Бо мақсади ба даст овардани маълумот аз дасти аввал ҷаноби Мендез инчунин бо ҷабрдидагон ва аъзои оилаи онҳо вохӯрда, ба муассисаҳои дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва атрофи он воқеъбуда, ки мардум аз озодӣ маҳрум нигоҳ дошта мешаванд, ташриф меорад.
Бо мақсади ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаи сафари рӯзи маълумот додан, рӯзи ҷумъа, санаи 18-уми май соати 14:00 дар бинои СММ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 39 ҷаноби Мендез нишасти матбуотие доир мекунад. Ӯ як ҳисоботи муфассале, ки дар он хулосаву тавсияҳои худро ба Иҷлосияи дарпешистодаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон баён кардааст, пешниҳод хоҳад кард.
Фаъолияти Ҳисоботчии махсус оид ба масъалаи шиканҷа барои тамоми кишварҳо новобаста аз он, ки оё кишвар Конвенсия оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайрибашарӣ ё ҷазоро* эътироф кардааст ё не, фаро мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1995 эътироф намудааст.
Маълумот
Хуан И. Мендез (шаҳрванди Аргентина) аз ҷониби Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун Ҳисоботчии махсус оид ба масъалаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайрибашарӣ ва ё ҷазо моҳи ноябри соли 2010 таъин шудааст. Ӯ аз ягон ҳукумат вобаста набуда, ба таври инфиродӣ фаъолият мекунад. Ҷаноб Мендез собиқаи кории худро дар соҳаи ҳуқуқ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон бахшида, дар кишварҳои қитъаи Америка ҳамчун муҳофизи ҳуқуқи инсон фаъолияти ҷолиби диққат намудааст. Дар айни ҳол ӯ дар Донишгоҳи Амрикоӣ – Коллеҷи ҳуқуқшиносии Вашингтон ҳамчун профессори соҳаи ҳуқуқшиносӣ кор мекунад. Ӯ ҳамраиси Донишкадаи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байналхалқии ҳуқуқшиносон дар солҳои 2010 ва 2011 буд. Ҷаноб Мендез қаблан то соли 2009 ҳамчун Президенти Маркази байналхалқии ҳуқуқшиносии давраи гузариш (МБҲДГ) буда, аз соли 2004 то 2007 ҳамчун Мушовири махсуси Дабири кулли СММ оид ба пешгирии қатли ом адои вазифа намудааст ва инчунин дар байни солҳои 2009 ва 2010 дар Суди байналхалқии ҷиноӣ ҳамчун мушовири Прокурор оид ба пешгирии ҷиноят фаъолият намудааст.



