Раиси ҲКТ: Тасҳеҳи тез-тези қонун дар бораи буҷети давлатӣ амри маъмул аст

Ақидаи роиҷ дар бораи он, ки гӯё мунтазам ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» ворид сохтани тағйирот гувоҳи ба таври бояду шояд таҳия нашудани он аст, асоси воқеӣ надорад, – изҳор кард раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов. Номбурда бар ин назар аст, ки таҷрибаи тасҳеҳи ҳуҷҷати асосии молиявии […]

Аваз Юлдошев


Ақидаи роиҷ дар бораи он, ки гӯё мунтазам ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» ворид сохтани тағйирот гувоҳи ба таври бояду шояд таҳия нашудани он аст, асоси воқеӣ надорад, – изҳор кард раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов.

Номбурда бар ин назар аст, ки таҷрибаи тасҳеҳи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар дар шароити ба таҷдиди ҷиддии иқтидорҳои саноатӣ даст задани ҳукумат танҳо ба рушди иқтисод мусоидат намуда, тасҳеҳи тез-тези қонун дар бораи буҷети давлатӣ амри маъмул аст.

«Масалан, ҳамчун вакил ман пурра ҷонибдори тағйироте дар буҷет будам, ки масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти воридотиро барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз андозу боҷи гумрукӣ озод кард, зеро ба маҳсулоти ин корхона бахшҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ зарурат доранд. Ғайр аз ин, озод шудан аз андозҳо қимати маҳсулотро поин оварда, он рақобатпазир хоҳад буд», – гуфт вакил.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки зимни озод кардан аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ, вакилонро мебояд дақиқан биомӯзанд, ки ин ҷо манфиати кӣ ҳимоя мешавад. «Агар чунин пешниҳодот ба манфиати гурӯҳи мафиозӣ сурат гирифта бошанд ё як муомилоти коррупсионӣ бошанд, пас аз он ҳеҷ фоидае нест», – иброз дошт вай.

Қобили зикр аст, ки паоҳ, 11-уми май, дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар масъалаи ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» низ баррасӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.