Оғози фаъолияти субъекти аввалини МОИ «Данғара» дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат

Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили зербинои аввалияи минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод иттилоъ дод, маъмурияти МОИ «Данғара» дар самти ташкили зербинои аввалия корҳои зиёд анҷом дода, аз ҷумла ба қаламрави минтақа аллакай шабакаи […]

Виктория Наумова


Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили зербинои аввалияи минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод иттилоъ дод, маъмурияти МОИ «Данғара» дар самти ташкили зербинои аввалия корҳои зиёд анҷом дода, аз ҷумла ба қаламрави минтақа аллакай шабакаи обтаъминкунии саноатӣ (3,8 км) гузаронида шудааст ва маблағи ҷудошуда ҳамчунин баҳри бо панҷара маҳкам кардани қаламрави он масраф хоҳад шуд.

«Интизорӣ меравад, ки субъекти аввалини МОИ «Данғара» дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) ба истеҳсоли маҳсулот – масолеҳи сохтмон оғоз хоҳад кард», – иброз дошт вай.

Ба қавли Умеди Давлатзод, ҳамчунин масъалаи бунёди корхонаи истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ дар минтақа аз ҷониби ширкати эронии «Афзор» ва корхонаи коркарди пӯст аз ҷониби ширкатҳои кореягӣ ва туркӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, соҳибкорони эронӣ ба сохтмони корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1,1 млн. тонна семент дар як сол ва бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар ин минтақа мароқ зоҳир кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки қонун дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 қабул шуда буд. Соли 2011 қонуни мазкур дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» ва «Панҷ» таъсис дода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.