Бахшида ба рӯзи ҷавонон дар қароргоҳи Марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як чорабинӣ доир гардид.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар фарҷоми он эълон дошт, ки ҲНИТ тасмим гирифтааст, ба варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Лондон имсол иштирок карда, соҳиби медал, яъне, ҷойи якум – савумро мегиранд, як хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намояд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур хеле хотирмону тамошобоб сурат гирифта, дар он ҳунармандони ҷавон, варзишгарон ва намояндагони равшанфикрони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ёдрас мекунем, ки то имрӯз варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 13 роҳхат ба даст оварданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.


