Боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар Душанбе

Дар ҷараёни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз моҳи март мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир гардиданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар таърихи 17-майи соли ҷорӣ гумонбаршудагон ба узвияти ин гурӯҳ, сокинони шаҳри Ваҳдат Рӯзиқул Шоимқулови 44-сола ва Хуршедҷон Холмуродови 30-сола аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз моҳи март мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар таърихи 17-майи соли ҷорӣ гумонбаршудагон ба узвияти ин гурӯҳ, сокинони шаҳри Ваҳдат Рӯзиқул Шоимқулови 44-сола ва Хуршедҷон Холмуродови 30-сола аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  дастгир гардиданд.

«Боздоштшудагон дар ҳамлаи ғоратгарона ба шаҳрвандони Чин рӯзи 3-юми март  дар қаҳвахонаи «Обшорон»-и пойтахт, ки бар асари он 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошта буданд, гумонбар дониста мешаванд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят рӯзҳои 24 ва 25-уми марти соли равон 5 нафар аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша боздошт шуда буданд.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ таъкид карданд, ки пешвои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат Худойназар Одинаев рӯзи 25-уми март дар автовокзали пойтахт зимни муқобилати мусаалаҳона аз ҷониби кормандони милиса кушта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.