Дар Суғд қотил базудӣ дастгир шуд

Date:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояткори даст ба кушторзада базудӣ дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, соати 21:00-и рӯзи 26-уми май дар назди пули «Юбилейный»-и шаҳри Хуҷанд сокини 20-солаи ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Турсунов бо ҳамдиёри худ – сокини 27-солаи маҳаллаи зикршуда Абдурасул Абдурасулов вомехӯрад. Ахирӣ дар соҳил ба оббозӣ машғул будааст.

«Д.Турсунов бидуни сабаби назаррасе ба А.Абдурасулов бо корд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари ҷароҳати гирифта Абдурасулов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – гуфтанд дар РКД.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ Турсунов базудӣ дастгир шуда, рӯзи 27-уми май прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 104, қисми 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 4 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 15 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...