Ширкати бритониёӣ ба МОИ «Суғд» сармоя дарёфт мекунад

Чанде қабл намояндагони ширкати консалтингии «GPW»-и Британияи Кабир аз минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боздид карданд. Бино ба маълумоти маъмурияти МОИ «Суғд», ширкати «GPW» яке аз фирмаҳои муваффақи консалтингӣ дар Англия маҳсуб ёфта, дар бахшҳои энергетикаву туризм, таҳқиқоти маркетингӣ, лоиҳакашӣ, амалиёти бонкӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ машварат пешниҳод менамояд. Мақомоти раҳбарии […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл намояндагони ширкати консалтингии «GPW»-и Британияи Кабир аз минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боздид карданд.

Бино ба маълумоти маъмурияти МОИ «Суғд», ширкати «GPW» яке аз фирмаҳои муваффақи консалтингӣ дар Англия маҳсуб ёфта, дар бахшҳои энергетикаву туризм, таҳқиқоти маркетингӣ, лоиҳакашӣ, амалиёти бонкӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ машварат пешниҳод менамояд.

Мақомоти раҳбарии МОИ меҳмононро бо фаъолияти минтақа ошно сохта, ба онҳо як қатор лоиҳаҳои афзалиятнокро, ки татбиқашон дар ҳамдастӣ бо ширкати байнулмилалии консалтингӣ ва бо истифода аз механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ имконпазир аст, пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки механизми мазкур барои Тоҷикистон нав буда, барои истифодаи он дар лоиҳаҳои бузурги зербиноии МОИ «Суғд», аз қабили ташкили Маркази логистикии нақлиётӣ ва сохтмони роҳи оҳан мебояд аз таҷрибаи ширкати байнулмилалии консалтингӣ истифода кард.

Намояндагони ширкати «GPW» ба дақиқан омӯхтани лоиҳаҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ зоҳир сохта, барои шарик будан дар дарёфти сармоягузориҳо баҳри татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд.

Минтақаи озоди иқтисодии Суғд соли 2009 дар мавзеъи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин минтақа 18 корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.