Нияти ҷиддии афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои муштараки Тоҷикистону Эрон

Эрону Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои гуногунро афзоиш дода, ба таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд. Дар ин бора зимни ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар Теҳрон вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй ибрози андеша кард. Бино ба маълумоти хабаргузории IRNA, зимни суханронӣ дар ҷаласа М.Номҷӯй […]

Пайрав Чоршанбиев


Эрону Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои гуногунро афзоиш дода, ба таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд. Дар ин бора зимни ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар Теҳрон вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй ибрози андеша кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории IRNA, зимни суханронӣ дар ҷаласа М.Номҷӯй изҳор кардааст, ки мардуми кишварҳоро умумиятҳои фарҳангиву динӣ муттаҳид месозад ва таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ гувоҳи иродаи қавии кишварҳо барои таҳкими ҳамкориҳост.

Вазири энергетикаи Эрон ҳамчунин зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъкид сохтааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде пештар Маҷиди Номҷӯй изҳор кард, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни

содироти тақрибан 1 млрд. метри муккааб

об аз Тоҷикистон ба Эрон гуфтушунид дорад.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 62,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,9 дарсад камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.