Баррасии масъалаи рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Хатлон

Санаи 31-уми майи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ташкилоти олмонии CARITAS дар мавзӯи «Иқдоми аввалини рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон: проблемаҳо ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор мегардад. Тавре дар иттилоияи […]

ASIA-Plus


Санаи 31-уми майи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ташкилоти олмонии CARITAS дар мавзӯи «Иқдоми аввалини рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон: проблемаҳо ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор мегардад.

Тавре дар иттилоияи шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон зикр мегардад, ҳадаф аз чорабинии мазкур баланд кардани огоҳии секторҳои давлативу ғайридавлатӣ ва академӣ оид ба масоили инклюзивӣ ва нақши ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дар пешбурди сиёсати таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) мебошад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни мизи мудаввар имкониятҳои воқеии рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон, таъмини дастрасӣ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, хизматрасонии  ҷамъиятӣ, дастрасии психологиву тиббӣ ва педагогӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавассути омода кардани муаллимону мутахассисон, таҳияи базаи методӣ ва афзун кардани огоҳии аҳолӣ дар ин масъала баррасӣ мешаванд.

Ба мизи мудаввар 40 нафар намояндаҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, ТҒД-ҳои маҳаллӣ, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф ва Идораи маорифи вилояти Хатлон, донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази захиравии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва шӯрои коршиносони департаменти таҳсилоти ИҶК-БМТ   даъват шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.