Оғози омодагирии ҲХДТ ба интихоботи президентӣ

Дар маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар тамоми бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, то ахири моҳи июн идома меёбанд, гурӯҳҳои табблиғотии зудамал таъсис дода мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, ба ҳайати ин гурӯҳҳо […]

Аваз Юлдошев


Дар маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар тамоми бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, то ахири моҳи июн идома меёбанд, гурӯҳҳои табблиғотии зудамал таъсис дода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, ба ҳайати ин гурӯҳҳо собиқадорон, фаъолони ҳизб, адибону шоирон ва ҳунарпешагони маъруфи ҷумҳурӣ шомил мешаванд.

«Вазифаи аслии ин гурӯҳҳо таблиғи афкори ҲХДТ, таблиғи арзанда будани номзади ҳизб дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 мебошад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, У.Солеҳов зикр кард, ки ба пешбарии номзади ҳизб ба маъракаи интихоботи президентӣ танҳо анҷумани ҳизб ҳуқуқ дорад. «Вале ман мӯътақидам, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 президенти амалкунандаи ҶТ, роҳбари ҳизби мо Эмомалӣ Раҳмон номзади шоиставу арзанда хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.