Пас аз санҷиш роҳбарони 20 мактаби пойтахт аз мансаб сабукдӯш шуданд

Date:


Тибқи натиҷаҳои санҷиши сатҳи касбӣ (аттестатсия)-и роҳбарони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 20 нафар директорони мактабҳои пойтахт аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева хабар дод, ҳангоми таъини директорони нави мактабҳо назару андешаи коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаҳои падарону модарон ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Бобоева зикр кард, ки ҳангоми таътили тобистона барои директори тозатаъини мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе курсҳои такмили ихтисос доир мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ӯ, то баргузории санҷиши зикршуда аз оғози сол барои додани номаҳои камол (аттестат)-и қалбакӣ, дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ, назардошти қонуншиканиҳои аз ҷониби толибилмони муассисаи таълимӣ содиршуда ва муҳлати дар сари мансаби директори мактаб  будани як шахс, дар маҷмӯъ 38 нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифаашон барканор шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон дар яке аз ҷаласаҳои васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуда буд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...