Дар Суғд аз кӯшиши интиқоли нашъа ба кишварҳои ИДМ ҷилавгирӣ шуд

Дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, тибқи маълумоти расида кормандони фаврии раёсат дар хонаи иҷора дар шаҳри Хуҷанд сокини 36-солаи вилояти Хатлонро боздошт намуданд. «Зимни кофтукови хона […]

Наргис Ҳамробоева


Дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, тибқи маълумоти расида кормандони фаврии раёсат дар хонаи иҷора дар шаҳри Хуҷанд сокини 36-солаи вилояти Хатлонро боздошт намуданд. «Зимни кофтукови хона ду бастаи селлофании дорои беш аз 3 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, ошкор гардидааст, ки боздоштшуда маводи мухаддирро дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз шаҳрванди Афғонистон дастрас карда, ба вилояти Суғд овардааст ва қисмате аз маводи мухаддирро дар хонаи иҷорааш дар шаҳри Истаравшан нигоҳ медоштааст.

«Худи ҳамон рӯз кормадони Раёсат манзили иҷораи ӯ дар шаҳри Истаравшанро мавриди кофтуков қарор дода, ҳудуди 1 кило героин ва 11 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабисро дарёфт ва мусодира карданд. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда беш аз 14 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯй ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.