Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми июн дар бораи рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 5 моҳи соли равон музокироти парлумонӣ доир месозанд. Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ чунин тасмим гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» ва ҳамчунин иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони ин мақоми олии қонунгузор Махфират Хидирова, Галия Рабиева, Саодат Амиршоева ва Сафаралӣ Гулов Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Расулов ва мудири шӯъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Толибҷон Раззоқов медали ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» -ро тақдим намуд.
Зикр гардид, ки тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки рӯзи 13-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, ворид карда мешаванд.


