Фаронсавиҳои ба милисаҳо дарафтода аз Тоҷикистон хориҷ шуданд

Корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Малика Малки, ки дар қазияи латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст дорад, рӯзҳои наздик ҷумҳуриро тарк хоҳад гуфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо хабар доданд, зимни баррасии ҳодиса тасмим гирифта шудааст, ки шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40 солаи ӯ Ҷалол Каззу аз Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Малика Малки, ки дар қазияи латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст дорад, рӯзҳои наздик ҷумҳуриро тарк хоҳад гуфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо хабар доданд, зимни баррасии ҳодиса тасмим гирифта шудааст, ки шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40 солаи ӯ Ҷалол Каззу аз Тоҷикистон хориҷ карда шаванд.

«Ҷалол Каззу, ки мақоми дипломатӣ надошт, аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ гардида, ҳамсари ӯ – корманди намояндагии Комиссияи Аврупо рӯзҳои наздик Тоҷикистонро тарк мекунад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми июн ду нафар шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40-солаи ӯ Ҷалол дар ҳолати сархушӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро мавриди лату кӯб қарор дода буданд. Ин ҳодиса дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Рӯзи дигар ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи тафсилоти ҳодиса бо иштироки шаҳрвандони Фаронса ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар мактуб расид.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан хабар дода буданд, ки мактуби Вазорати корҳои дохилӣ ва маводи мансуб ба ин ҳодиса баҳри ҳаллу фасли минбаъда ба намояндагии Комиссияи Аврупо пешниҳод мешаванд.

«Яке аз иштирокчиёни ҳодиса мақоми дипломатӣ дорад ва аз ин рӯ, ин ҳолатро намояндагии Комиссияи Аврупо мустақилона баррасӣ мекунад», – изҳор дошта буданд дар ВКХ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.