Оғози марҳилаи ниҳоии тамринҳои «Рисолати сулҳовар-2012»

Имрӯз дар машқгоҳи Чоруқдаррони минтақаи шимоли кишвар марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» оғоз мегардад. Субҳи имрӯз дар машқгоҳ воҳидҳои гурӯҳи муттаҳидаи низомӣ баҳри анҷом додани амалиёт ҷамъ омаданд. Тибқи фарзияи тамринҳо, низомиён бояд гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро нобуд сохта, бо назардошти нақши […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз дар машқгоҳи Чоруқдаррони минтақаи шимоли кишвар марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» оғоз мегардад.

Субҳи имрӯз дар машқгоҳ воҳидҳои гурӯҳи муттаҳидаи низомӣ баҳри анҷом додани амалиёт ҷамъ омаданд. Тибқи фарзияи тамринҳо, низомиён бояд гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро нобуд сохта, бо назардошти нақши сохторҳои қудратии созмони низомии кишварҳо тамомияти қаламрави давлатро барқарор созанд.

Тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Дар марҳилаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони воҳидҳои низомии давлатҳои созмон ва сохторҳои шаҳрвандии кишварҳои хориҷи дур ва наздик ҳузур хоҳанд дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.