Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати навсозии варзишгоҳи Исфара супориш дод

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳои ташналаб […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳои ташналаб шодоб гардида, дар зиёда за 800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ шудааст.

 8 километри канали обёрӣ, ки дарозии умумиаш 10 км хоҳад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моҳпарӣ расидааст. Дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба каналӣ Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд.

Дар идома сарвари давлат бо гузоштани хишти аввали яктогӣ мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид. Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммоми ҷамъиятӣ ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд.

Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва як мағозаи фурӯши китобро ифтитоҳ намуд ва аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карда, дастур дод, ки онро навсозӣ ва дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст кунанд.

Сафари кории сарвари давлат ба шаҳри Исфара бо боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳр ба поён расид.  Дар ҳузури чандин ҳазор нафар варзишгарони касбӣ ва ҷавонону наврасон, ки барои истиқболу гусели меҳмони олимақом гирд омада буданд, Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки ин варзишгоҳ мавриди навсозии пурра қарор гирифта, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.