Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз хушкшавии баҳри Арал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор вориди шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор вориди шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овард, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то ин ки Соли байналмилалии ду ҳазору сенздаҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд. Президенти кишвар таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба бархе аз масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намуда, зарурати роҳандозии ҳамкории муассир ва ҳамаҷонибаро ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар мақсадҳои мувофиқашудаи байналмилалӣ дар соҳаи таъминоти об ва санитария таъкид намуд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи об барои таъмини рушди устувор ва пешбурди «иқтисодиёти сабз» мавриди диққати махсуси Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Тавре Президенти Тоҷикистон тазаккур дод, «кишварҳо бояд муштаракан амал намуда, афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодиро муайян созанд, маблағҳоро ба таври оқилона истифода баранд ва обро барои нигоҳ доштани рушди устувор ва тавозуни экологӣ равона созанд».

Зимни суханронии худ, Роҳбари давлати тоҷикон аз бобати таъсири манфии хушкшавии баҳри Арал ба вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва хусусан ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ намуд. Чунонки Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, «дар чунин ҳолат беҳтар гардидани вазъияти мавҷуда ва рушди минбаъдаи устувори минтақа фақат ба ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа вобаста аст».

Дар ин росто Президенти Тоҷикистон зарур донист, ки дар ҳавзаи баҳри Арал, ба ғайр аз стратегияҳои миллӣ, бояд стратегияи ягонаи минтақавии истифодабарии захираҳои оби минтақа амалӣ шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таклиф намуд, ки дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби нӯшокӣ диққати махсус дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.