Омодагии ХФМ вилояти Маскав ба қонунигардонии будубоши муҳоҷирони тоҷик

Date:


Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шӯъбаи раёсати мазкур дар фурудгоҳи «Домодедово»-и вилояти Маскав Владимир Балашов масоили мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар расмиёти қонунигардонии будубош ва гирифтани иҷозат ба кор баррасӣ шуданд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Олег Молодиевский изҳор кардааст, ки айни замон дар мақомоти муҳоҷирати вилояти Маскав беш аз 180 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба қайд гирифта шудаанд.

«Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 18,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор патент гирифтанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31% зиёдтар аст. Ғайр аз ин, барои кор беш аз 18 ҳазор иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 15,4% бештар аст», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Молодиевский зарурати мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар масъалаи расмиёти гирифтани аснод барои кор дар Русияро таъкид кардааст. «Бо ин мақсад пеш аз сафар ба Русия миёни муҳоҷирон баргузор намудани корҳои шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари бегона ва қонунгузории он кишвар мувофиқи мақсад аст», – изҳор доштааст ӯ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...