Мукофоти бонуфузи Барномаи рушди СММ ба фаъолзани тоҷик

Роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва замин»-и Тоҷикистон Муҳаббат Мадалиева барои ташаббусҳо дар бахши экология ва рушди маҳалҳо ба мукофоти Барномаи рушлди СММ  «Экватор» сазовор гардид. Бино ба маълумоти радиои СММ, М.Мадалиева аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нахустин ғолиб дониста шудааст. Ҳамчунин 25 нафар фаъолон ва ташкилотҳое, ки ба масоили ҳифзи табиат дар сатҳи […]

ASIA-Plus


Роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва замин»-и Тоҷикистон Муҳаббат Мадалиева барои ташаббусҳо дар бахши экология ва рушди маҳалҳо ба мукофоти Барномаи рушлди СММ  «Экватор» сазовор гардид.

Бино ба маълумоти радиои СММ, М.Мадалиева аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нахустин ғолиб дониста шудааст.

Ҳамчунин 25 нафар фаъолон ва ташкилотҳое, ки ба масоили ҳифзи табиат дар сатҳи хонаводаҳо машғуланд, низ бо муофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли равон дар озмун 800 нафар довталабон аз 113 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Маросими тақдми мукофотҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар Рио-де-Жанейро бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист ва Барномаи рушди СММ баргузор гардид.

«Мо бо заноне, ки бо замин сарукор доранд, фаъолият дорем. Фаъолияти мо ба таъмини амнияти ғизойӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст. Мо асосан ба беҳтар нигоҳ доштани навъҳои гаронбаҳои меваҳо такя мекунем. Занони мо генофонди гуногунии агробиологии маҳалро нигоҳ медоранд», – изҳор доштааст дар мусоҳиба ба радиои СММ роҳбари ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.