Роҳхати олимпии собиқ варзишгари тоҷик барои дастаи Ӯзбекистон

Дар мусобиқоти гурзандозӣ дар Қазоқистон варзишгари душанбегӣ Сӯҳроб Хоҷаев бо нишондиҳандаи 74 метру 20 сантиметр зинаи аввалро ишғол карда, барои дастаи Ӯзбекистон роҳхати олимпӣ ба даст овард. Бино ба маълумоти хабаргузории 12.uz, ҳамин тариқ, шумори роҳхатҳои олимпии дастаи Ӯзбекистон ба 55 адад расид. Соли 2010 дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаев дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон […]

Сайфиддин Қараев


Дар мусобиқоти гурзандозӣ дар Қазоқистон варзишгари душанбегӣ Сӯҳроб Хоҷаев бо нишондиҳандаи 74 метру 20 сантиметр зинаи аввалро ишғол карда, барои дастаи Ӯзбекистон роҳхати олимпӣ ба даст овард.

Бино ба маълумоти хабаргузории 12.uz, ҳамин тариқ, шумори роҳхатҳои олимпии дастаи Ӯзбекистон ба 55 адад расид.

Соли 2010 дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаев дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон соҳиби медали нуқра шуда буд. Ӯ дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур мебоист дастаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, вале дар арафаи оғози мусобиқот ӯро ба варзишгари рақами дуюми дастаи мунтахаб Абдуқодир Баротов иваз карданд. Қобили зикр аст, ки ин варзишгар низ дар Белорус ба тамринҳо машғул буда, хоҳиши дар ҳайати  дастаи мунтахаби ин кишвар ҳунарнамоӣ карданро доштааст.

Он замон мақомоти расмӣ сабаби ивази Хоҷаев ба варзишгари дигарро шарҳ надоданд. Падари варзишгар Рустам Хоҷаев сабаби дастаи мунтахабро тарк кардани писарашро ба набудани шароити мусоиду машқу тамринҳо дар Тоҷикистон марбут дониста буд. Аз ҷумла, ӯ чунин изҳор дошта буд: «Писари ман Сӯҳроб орзуи чемпиони ҷаҳон ё ғолиби Олимпиада шуданро дорад. Дар варзиш агар ҳадафи олӣ надошта бошӣ, беҳтар аст, ки ба он машғул нашавӣ. Барои ӯ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда натавонистанд. Баъди зинаи дуюмро ишғол кардани Сӯҳроб дар чемпионати ҷаҳон дар Италия муддати чор моҳ ӯ дар  ҳеҷ мусобиқоте иштирок накард. Барои камол ёфтан чун варзишгар шароит мавҷуд набуд».

Ногуфта намонад, ки дар Тошканд Сӯҳроб Хоҷаев таҳти роҳбарии зодаи дигари Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1992 дар гурзандозӣ Андрей Абдувалиев тамрин мекунад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.