Ғалабаи нахустини футболбозони ҷавони Тоҷикистон

Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Малдив бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар охири қисми якуми бозии мазкур футболбозони дастаи Малдив ҳисобро кушодаанд. Дар дақиқаи 55-уми қисми дуюми вохӯрӣ капитани дастаи Тоҷикистон ва тими […]

Аваз Юлдошев


Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Малдив бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар охири қисми якуми бозии мазкур футболбозони дастаи Малдив ҳисобро кушодаанд. Дар дақиқаи 55-уми қисми дуюми вохӯрӣ капитани дастаи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол» Нуриддин Давронов ҳисобро мусовӣ карда, дар дақиқаи 5-уми вақти иловашуда муҳофизатгари дастаи Малдив боз як тӯбро вориди дарвозаи худ намуд.

Дар бозиҳои дигари гурӯҳи «С» дастаи Эрон бар Қатар бо ҳисоби 2 бар 1, дастаи Қувайт бар Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «С» пас аз ду давр дастаи Эрон бо 6 имтиёз пешсаф буда, дастаҳои Қатар, Тоҷикистон, Қувайт ва Баҳрайн дорои се имтиёзӣ мебошанд.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.