Табдили бинои 75 масҷиди Хатлон ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ

Date:


Соли равон дар вилояти Хатлон 75 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, бинои онҳо ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ табдил дода мешаванд.

Тавре ба islamnews.tj сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, аз 229 масҷиде, ки ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, 75 масҷид ба сифати бунгоҳи тиббӣ, синф, чойхона ва китобхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Муассисони 61 масҷид ҷиҳати сабти расмӣ ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуда, тақдири 93 масҷиди боқимонда мавриди ҳаллу фасли мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи прокурор, дар ҷараёни санҷиш ошкор шудааст, ки аз 1052 масҷиди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон танҳо 176 масҷид хулосаи мақомоти санитариву эпидемиологиро доро мебошанд. Аз 551 масҷиди минтақаи Кӯлоб бошад, танҳо 58 масҷид чунин санад доранд.

Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ фаъолияти масҷидҳоро мавриди санҷиш қарор дод ва дар ҷараёни он 48 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо таъинот содир шудааст.

Прокурор ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ба ҷуз муассисаи рақами 9/7, барои адои намоз биноҳои махсус ҷудо карда шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...