Табдили бинои 75 масҷиди Хатлон ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ

Соли равон дар вилояти Хатлон 75 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, бинои онҳо ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ табдил дода мешаванд. Тавре ба islamnews.tj сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, аз 229 масҷиде, ки ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, 75 масҷид ба сифати бунгоҳи тиббӣ, синф, чойхона ва китобхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Муассисони 61 масҷид ҷиҳати […]

ASIA-Plus


Соли равон дар вилояти Хатлон 75 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, бинои онҳо ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ табдил дода мешаванд.

Тавре ба islamnews.tj сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, аз 229 масҷиде, ки ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, 75 масҷид ба сифати бунгоҳи тиббӣ, синф, чойхона ва китобхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Муассисони 61 масҷид ҷиҳати сабти расмӣ ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуда, тақдири 93 масҷиди боқимонда мавриди ҳаллу фасли мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи прокурор, дар ҷараёни санҷиш ошкор шудааст, ки аз 1052 масҷиди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон танҳо 176 масҷид хулосаи мақомоти санитариву эпидемиологиро доро мебошанд. Аз 551 масҷиди минтақаи Кӯлоб бошад, танҳо 58 масҷид чунин санад доранд.

Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ фаъолияти масҷидҳоро мавриди санҷиш қарор дод ва дар ҷараёни он 48 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо таъинот содир шудааст.

Прокурор ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ба ҷуз муассисаи рақами 9/7, барои адои намоз биноҳои махсус ҷудо карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.