Ӯзбекистон аз СААД хориҷ мешавад

Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки бори дигар узвияти кишвар ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро боздорад, – иттилоъ медиҳанд хабаргузорҳои РИА Новости ва «Интерфакс» бо такя ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар Маскав. Бино ба маълумоти хабаргузориҳо, чанд рӯз қабл Ӯзбекистон дар ин хусус ба унвони котиботи СААД нотаи дахлдор ирсол намудааст. Сабабҳое, ки ҳукуматдорони ин кишварро ба чунин […]

ASIA-Plus


Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки бори дигар узвияти кишвар ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро боздорад, – иттилоъ медиҳанд хабаргузорҳои РИА Новости ва «Интерфакс» бо такя ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар Маскав.

Бино ба маълумоти хабаргузориҳо, чанд рӯз қабл Ӯзбекистон дар ин хусус ба унвони котиботи СААД нотаи дахлдор ирсол намудааст. Сабабҳое, ки ҳукуматдорони ин кишварро ба чунин тасмимгирӣ водор сохтааст, то ҳол номаълуманд.

Ёдрас мекунем, ки солҳои пешин (ахири солҳои 1990 ва то нимаи солҳои 2000) низ узвияти Ӯзбекистон ба СААД мутаваққиф шуда буд.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД) ҳамчун иттиҳоди низомиву сиёсӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис дода шуд. Дар таърихи 2-юми декабри соли 2004 Маҷмаъи кулли СММ дар бораи ба СААД додани мақоми нозир дар Маҷмаъи кулли СММ қатънома қабул кард.

Дар Созишнома пешбинӣ мешавад, ки ҳар як кишвари узви СААД ҳуқуқ дорад дар ҳама гуна вақт аз ҳайати созмон хориҷ шавад.

Айни замон кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СААД мебошанд.

Соли 1999, ҳангоми имзои тамдиди шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, Ӯзбекистон ба он имзо нагузошт, аммо соли 2006 ҳукуматдорони ин кишвар тасмим гирифтанд, ки узвият дар созмонро барқарор намоянд. Дар ин бора моҳи декабри соли 2006 аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қонуни дахлдор ба имзо расида, соли 2008 онро парлумони Ӯзбекистон тасдиқ намуд.

Ба узвияти СААД баргаштани Ӯзбекистон пас аз ба сардӣ гароидани муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои ғарбӣ, ки бераҳмона саркӯб шудани тазоҳургарон дар Андиҷонро маҳкум карданд, ба вуқӯъ пайваст.

Қобили зикр аст, ки соли 2008 Ӯзбекистон узвият дар СААД-ро тасдиқ намуда, ҳамзамон узвият дар созмони дигари қаламрави пасошӯравӣ – Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС)-ро мутаваққиф сохт. Он замон Ислом Каримов изҳор дошта буд, ки фаъолияти ин иттиҳод такрори сохторҳои дигари ҳамгиройии кишварҳои пасошӯравӣ аст.

Як манбаъи дипломатии хабаргузории «Интерфакс» дар робита ба ин тасмими Тошканд гуфтааст, ахиран Ӯзбекистон аз иштирок дар чорабиниҳои СААД даст мекашид.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.