Собиқ муовини сардори ШВКД-и Қумсангир ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Чанде қабл суди вилояти Хатлон собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суд хабар доданд, суд Наботовро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 247, қ. 3 (Қаллобӣ) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донист. Ба иттилои […]

Сайраҳмон Назриев


Чанде қабл суди вилояти Хатлон собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суд хабар доданд, суд Наботовро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 247, қ. 3 (Қаллобӣ) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донист.

Ба иттилои манбаъ, ҳамроҳ бо Наботов аз рӯйи ин парванда сарваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов низ ҷавобгӯ буд. Суд Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодексии ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 12 сол равонаи зиндон кард.

Татяна Умарова, вакили мудофеи Маҳмад Шарифов, ҳукми судро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, шикоят овардан аз болои он ба зинаҳои болоиро аз эҳтимол дур намедонад.

Ёдрас мекунем, ки баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрели сои равон оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.     

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.