Суғд: Ҳукми 13 соли зиндон ба узви «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Дар вилояти Суғд узви фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба 13 соли зиндон маҳкум гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров ба анҷом расид.  Ба гуфтаи Усмонов, суд Абдуқодировро дар […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд узви фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба 13 соли зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров ба анҷом расид.

 Ба гуфтаи Усмонов, суд Абдуқодировро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, қ. 2 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон), 307, илов. (прим.) 1, қ. 2 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, илов. 2, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307, илов. 3, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Ҳамчунин маҳкумшуда дар муддати 5 соли пас аз озодӣ аз ҳуқуқи фаъолият дар аҳзоби сиёсӣ ё ташкилотҳои динӣ маҳрум карда шуд.

Усмонов зикр кард, ки Б.Абдуқодиров 28-уми марти соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фурӯши мутааллиқ ба ӯ як миқдор адабиёт ва варақаҳои дорои хусусияти ифротгароӣ дарёфт ва мусодира шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот ошкор гардидааст, ки судшаванда соли 2009 ба сафи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шомил гардида, ба паҳн кардани варақаҳо ва таблиғоти афкори ин созмон миёни ҷомеа машғул будааст.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта суди шаҳри Душанбе 12 нафар гумонбар ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро ба муҳлатҳои аз 4 то 12 соли зиндон маҳкум намуд, ки онҳо аксаран сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атрофи пойтахт буданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2001 бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти созмони ифротгарои динии «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.