Боздошти чархболҳои Тоҷикистон дар Афғонистон

Муддати як моҳ аст, ки ҳукуматдорони Афғонистон ду адад чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд. Дар суҳбати телефонӣ муҳандиси техникии яке аз чархболҳо Илҳом Қаюмов изҳор кард, ки чархболҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон як моҳ қабл фаъолияташон тибқи қарордод дар […]

ASIA-Plus


Муддати як моҳ аст, ки ҳукуматдорони Афғонистон ду адад чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд.

Дар суҳбати телефонӣ муҳандиси техникии яке аз чархболҳо Илҳом Қаюмов изҳор кард, ки чархболҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон як моҳ қабл фаъолияташон тибқи қарордод дар Афғонистонро анҷом дода, бояд ба ватан бармегаштанд, вале аз ҷониби Вазорати нақлиёти Афғонистон боздошт шудаанд.

Ба қавли Қаюмов, баъди чанд рӯз Вазорати нақлиёти Афғонистон аз эътирози гӯё бидуни иҷозати пешакии хадамоти диспетчерии фурудгоҳи Кобул Афғонистонро тарк кардани чархболҳо даст кашида, вале акнун ба парвози чархболҳо Вазорати мудофиа ва Хадамоти амнияти Афғонистон иҷозат намедиҳад.

«Сабаби мушаххаси боздоштро то ҳанӯз ба мо шарҳ надодааанд, – гуфт ӯ. – Айни замон ин масъаларо сафорати Тоҷикистон дар Кобул пайгирӣ дорад».

Номбурда афзуд, 12  нафар ҳайати халабонону кормандони техникии чархболҳо дар як манзиле дар канори шаҳри Кобул мустақар буда, шиносномаҳои 5 нафари онҳо гирифта шудаанд.

Феълан ҳукуматдорони Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» роҷеъ ба ин қазия маълумот ё шарҳу тавзеҳе интишор накардаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.