Ҳузури президенти Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Чемпионати футболи Аврупо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Украина сафар кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ […]

Аваз Юлдошев


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Украина сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти интишоркардаи хадамоти матбуоти президенти Украина, имрӯз 2-юми июл, гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Янукович баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо даъвати президенти УЕФА Мишел Платини президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар вохӯрии финали Чкмпионати Аврупо оид ба футбол иштирок кардааст. Дар ин вохӯри дастаи Испания бар дастаи Италия бо ҳисоби 4 бар 0 дастболо шуд.

Тибқи хабари ВАО-и Украина сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯрии ниҳоӣ ҳузур доштааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.