Оғози тамринҳои низомии «Ҳифз-2012» дар Хоруғ

Date:


Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактики «Ҳифз-2012» оғоз мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар тамринҳо ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок мекунанд.

Тамринҳо то 10-уми июл идома ёфта, ба он нерӯҳои ҳавоӣ, бронетехника ва аслиҳаву муҳимоти оташфишон ҷалб мегарданд. Ба тамринҳо муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ, сардори ситоди кулли Вазорати мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров фармондеҳӣ мекунад.

Дар тамринҳо ташкили фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ дар баргузории амалиётҳои низомӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди омӯзишу амал қарор гирифта, ҳамчунин қобилияту малакаҳои сарбозону афсарони гарнизони Хоруғ санҷида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...