Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо президент ва нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ


Дар доираи кори Форуми шашуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сеул вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Мён Бак ва нахуствазири ин кишвар Ким Хван Сик мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки сарфи назар аз натиҷаҳои мсубати бадастомада дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сатҳи ҳамориҳо то ҳанӯз ба имконоти воқеии ҳарду кишвар ҷавобгӯ нестанд. Муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея тайи солҳои 1992-2012 ҳудуди 270 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

spot_imgspot_img

Популярное