Интиқоди прокурори Хатлон аз соҳаи маорифи вилоят

Прокурори Хатлон соҳаи маорифи вилоятро мавриди интиқод қарор дод. Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал прокурори вилоят Сироҷиддин Нуров зикр кард, ки дар соли хониши 2011-2012 551 нафар хонандагон аз таълим дур мондаанд, ки 40 4нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. «Дар ин самт дар вилоят 28 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба падару модароне, ки барои ба […]

Сайраҳмон Назриев


Прокурори Хатлон соҳаи маорифи вилоятро мавриди интиқод қарор дод.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал прокурори вилоят Сироҷиддин Нуров зикр кард, ки дар соли хониши 2011-2012 551 нафар хонандагон аз таълим дур мондаанд, ки 40 4нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

«Дар ин самт дар вилоят 28 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба падару модароне, ки барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеа шуда буданд, боз шуд», – гуфт ӯ.

Нуров таъкид кард, ки соли равон дар вилоят аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят содир шуда, қариб нисфи онро кӯдаконе, ки бо таълим фаро гирифта нашудаанд, содир намудаанд.

Прокурор ҳамчунин аз ҷой доштани далелҳои ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар бахши маориф ва ҳодисаҳои педофилизм миёни омӯзгорон низ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ ҳамчунин хадамоти назорат оид ба ҳуқуқи ноболиғонро мавриди интиқод қарор дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Нуров ба ҳамаи прокуророни шаҳру навоҳии вилоят супориш дод, ки мушкилоти зикршударо таҳти назорат қарор диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.