Мақомоти роҳбарии РБДА ва «Воҳиди махсус» танбеҳ гирифтанд

Таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласа дар самти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳокима намудани натиҷаи санҷиши пурраи нозиротии фаъолияти оперативӣ-хизматии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласа дар самти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳокима намудани натиҷаи санҷиши пурраи нозиротии фаъолияти оперативӣ-хизматии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр ва натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва интизоми иҷроия дар РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар нимсолаи аввали соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Барои зоҳир намудани фориғболӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат, дуруст ба роҳ намондани фаъолияти ситоди Воҳиди махсуси ВКД, интизоми пасти хизматии ҳайати шахсӣ ба муовини аввали сардори Воҳиди Махсус, полковники милитсия Раҳимов Маҳмадалӣ Қурбонович, ҷазои интизомии танбеҳ эълон карда шуд. Ҳамчунин барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши фаъолият муовини сардори Воҳиди махсуси ВКД полковники милиса Миралӣ Ҷалолов танбеҳ, сардори шуъбаи воҳиди мазкур подполковники милиса Саймуҳаммад Туманов ва командири баталйони Воҳиди махсус подполковники милитсия Азизулло Каримов танбеҳи қатъӣ гирифтанд.

Ҳамчунин ба командирони ротаи баталйони Воҳиди махсуси ВКД Алудин Насриддинов, Ҷӯрабек Кабиров ва Ҳасаналӣ Қурбонов низ танбеҳ эълон карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба сардорони Шуъбаҳои БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода низ чораҳои интизомӣ андешида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхате шахсоне, ки мавриди ҷазои интизомӣ қарор гирифтанд, ному насаби худи сардори Воҳиди махсус генерал-майори милис Ҳабибулло Маҷидов ба чашм намерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.