Доминикан узвияти Тоҷикистон ба СУС-ро дастгирӣ кард

Date:


Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид.

Тибқи маълумоти интишоркардаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Салоҳиддин – Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ва аз ҷониби Ҷумҳурии Доминикан Луис Мануэл Пиантини Мунних – Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Доминикан дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар ташкилотҳои иқтисодии СММ дар Женева имзо карданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева бо намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот гузаронида, дар назар дорад, рӯзҳои наздик боз бо як қатор кишварҳои дигар дар масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур мувофиқат кунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related