Дар маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳайати Қазоқистон изҳор кард, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба убури техникаи ҳарбии ин кишвар тавассути қаламравашон барои иштирок дар ин тамринҳо роҳ надодаанд.
Кордори масоили низомии сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон Серик Жумадилов дар ҷамъи рӯзноманигорон иброз дошт, ки техникаи ҳарбӣ ва ҳайати шахсии воҳидҳои низомии Қазоқистон, ки дар тамринҳо иштирок мекунанд, бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон тариқи Қирғизистон ба вилояти Суғд интиқол дода шудаанд. Таври маълум, миёни кишварҳои узви СҲШ танҳо намояндагони Ӯзбекистон дар ин тамринҳо иштирок надоранд.
Тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.
Дар марҳилаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони воҳидҳои низомии давлатҳои созмон ва сохторҳои шаҳрвандии кишварҳои хориҷи дур ва наздик ҳузур хоҳанд дошт. Миёни нозирон ҳамчунин намояндагони Ӯзбекистон низ ҳастанд.