Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раиси парлумони Озарбойҷон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири маориф Нуриддин Саидов, […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири маориф Нуриддин Саидов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.

Дар ин росто ба нақши мақомоти олии қонунбарори ду кишвар дар таҳким ва рушди муносиботи барои ҳарду ҷониб судбахш баҳои баланд дода шуд.

Имрӯз дар Боку гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар сатҳи олӣ баргузор мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ин сафар аз имзои Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ, Протоколи ҳамкори миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, Созишномаҳо дар бора ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Боку ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Муомилоти молии дуҷониба 100% танҳо тавассути воридот сурат мегирад. Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.