Тақозои 250 млн. $ барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия

Date:


Нашрияи «Коммерсантъ» бо истинод ба як манбаъи огаҳ аз ҷараёни гуфтушунид дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон менависад, ҳукуматдорони Тоҷикистон арзиши будубоши пойгоҳи низомии Русияро 250 млн. $ дар як сол арзёбӣ кардаанд.

Дар навбати худ, намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Русия дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки то ҳанӯз варианти пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон дар бораи дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро дастрас накардаанд ва маълумот роҷеъ ба дар як сол пардохт кардани 250 млн. $-ро на тасдиқ карда метавонанду на инкор.

Миёни Русияву Тоҷикистон дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд, вале гуфтушунидҳо ба дарозо кашиданд.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин изҳор дошта буд, ки масъалаи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли нокомӣ қарор дошта, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба имзо нагардидани он боис гарданд.

Сипас сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор дошт, ки Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифтааст, маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».

Зимни нишасти хабарии муштараки вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ва пас аз мулоқот бо вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки Тоҷикистон мустақилона шартномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави ҷумҳуриро омода мекунад.

«Айни замон мо варианти шартномаи худро омода карда истодаем ва онро ба баррасии Русия пешниҳод мекунем. Гурӯҳҳои кории мо вобаста ба ҳар банди шартнома нуқтаҳои созишро ҷустуҷӯ доранд», – гуфта буд Ш.Хайруллоев.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, Қирғизистон низ изҳор кардааст, ки пас аз анҷоми қарордод дар соли 2014 ин кишвар низ қимати маблағи иҷора барои будубоши се иншооти низомии Русия дар қаламравашро боло бурданист.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related