Конфронсҳои ҳисоботии ҲХДТ дар ду вилояти ҷумҳурӣ

Дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҳизб дар вилояти Суғд баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, дар кори конфронс дар барбари ҳайатҳои бахшҳои ҳизбии тамоми шаҳру навоҳии вилоят […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҳизб дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, дар кори конфронс дар барбари ҳайатҳои бахшҳои ҳизбии тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳамчунин мақомоти раҳбарии вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят  Қоҳир Расулзода низ ширкат варзиданд.

«Дар конфронс аз фаъолияти дунимсолаи бахши ҳизб дар вилоят натиҷагирӣшуда, он қаноатманд арзёбӣ гардид. Даврон Зоҳидов барои муҳлати дигар ба вазифаи раиси бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд», – зикр кард У.Солеҳ.

Ба гуфтаи номбурда дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ таҳти раёсати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифов ба ин монанд конфронси ҳисоботӣ-интихоботии бахши ҳизб дар вилояти Хатлон доир гардид.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 178 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.