Имрӯз дар Душанбе барои роҳбарон ва мураббиёни Марказҳои таълимии мақомоти марзбонии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Латвия семинари дурӯзаи минтақавӣ доир мегардад. Семинар аз ҷониби Барономаи Иттиҳоди Аврупо – Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) созмон дода шудааст.
Тавре аз Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, иштирокчиёни семинар бобати тарзҳои инноватсионӣ дар омӯзиш ва маълумоти касбии марзбонон табодули таҷриба мекунанд. Барои намуна Андрис Аболинс, муовини роҳбари коллеҷи Хадамоти давлатии марзбонии Латвия перомуни таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар омӯзиши марзбонон маълумот медиҳад.
Дар ҷараёни кори семинар шиносоӣ бо барномаҳои миллии таълими марзбонони кишварҳо ва баррасии ҳамкории Колеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе бо Институти назорати демократии қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария дар назар аст. Дар семинар давраи омӯзишии нави байнулмилалии Институти назорати демократии қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария оид ба ҳифзи марзҳо муаррифӣ мешавад.
Иштирокдорони семинар ҳамчунин аз Омӯзишгоҳи олии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти мили ҶТ ва Коллеҷи марзбонии САҲА боздид намуда, бо фаъолияти таълимии онҳо аз наздик ошно мегарданд.
Таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастгирии тиҷорат ва транзити қонунӣ ва ҳамчунин пешгирии равуои ғайриқонунии шаҳрвандон тавассути марзҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз вазифаҳои асосии барномаи БОМКА маҳсуб меёбанд.