ВКХ Тоҷикистон изҳороти В.Чиркинро бепоя хонд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон пазируфтани варианти русиягии ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бепоя хонд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо чанде қабл вазири корҳои Тоҷикистон дар ҳузури […]

Аваз Юлдошев


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон пазируфтани варианти русиягии ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бепоя хонд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо чанде қабл вазири корҳои Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон шарҳ дода, он бетағйир боқӣ мемонад.

Чанде қабл дар робита ба ин масъала вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Русия оид ба ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста сурат мегирад. Ӯ гуфта буд, айни замон гуфтушунидҳо идома доранд ва аз ифшои маблағи дархостнамудаи Тоҷикистон барои будубоши низомиёни Русия худдорӣ варзида буд.

«Ман метавонам бигӯям, ки барои ифшои маълумоти муҳими давлатӣ масъулият пешбинӣ шудааст, вале агар касе худро дошта натавонад, ин мушкили ӯст», – таъкид дошта буд Ҳамрохон Зарифӣ.

Имрӯз расонаҳои хабарии Русия иттилоеро пахш намуданд, ки дар он гуфта мешавад, В.Чиркин ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон варианти русиягии созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвараш пас аз соли 2014-ро маъқул медонад.

«Лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъдаро дар маҷмӯъ ҷониби Тоҷикистон қобили қабул мешуморад. Бино ба изҳори мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, онҳо ният доранд, ки ба мувофиқасозии байниидоравии он ҳарчи бештар суръат бахшанд», – гуфтааст Чиркин.

Ӯ иброз доштааст, ки дар лоиҳаи созишнома боқӣ гузоштани тартиботи пешинаи ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон ба таври ройгон пешниҳод шудааст.

«Ҷараёни гуфтушунид босуръат идома дорад. Тамоми муқаррароти созишномаи нав аз ҷониби мо муаррифӣ шуд. Фикр мекунам, ояндаи наздик мо ба натоиҷе хоҳем расид, ки ба ҳарду тараф қобили қабул хоҳанд буд», – афзудааст генерали рус.

В.Чиркин хотирнишон сохтааст, ки «Русия Тоҷикистонро бо «аслиҳаи муосир ва техникаи махсуси низомӣ таъмин мекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.